Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии Тоҷикистон бо Лубнон бо ҳисоби 0-0


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бозии охиринашро дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё 12-уми октябр дар шаҳри Кирмони Эрон бо тими Лубнон бо ҳисоби 0-0 анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони тоҷик дар нахустин бозиашон дар гурӯҳи «D» аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 0-2 ва дар бозии дувумашон аз дастаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0-5 шикаст хӯрда буданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар гурӯҳи худ бо 1 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 0-7) дар зинаи охирин қарор гирифта, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот, ки соли оянда дар Мянмар баргузор мешавад, маҳрум шуд.

ҒҒолиби гурӯҳи «D» ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ дар бозии охирин шоми шанбе миёни тимҳои Эрон - Арабистони Саудӣ маълум гардид. Ин бозӣ бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи тими мизбон – Эрон ба охир расид.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «D»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 Эрон 3 3 0 0 9-1 9
2 Арабистони Саудӣ 3 2 0 1 7-2 6
3 Лубнон 3 0 1 2 2-8 1
4 Тоҷикистон 3 0 1 2 0-7 1

Даври 1-ум
8-уми октябр (сешанбе)
Эрон – Тоҷикистон – 2-0
Арабистони Саудӣ – Лубнон – 2-1

Даври 2-юм
10-уми октябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ – 0-5
Лубнон – Эрон-1-6

Даври 3-юм
12-уми октябр (шанбе)
Лубнон – Тоҷикистон – 0-0
Эрон - Арабистони Саудӣ – 1-0
XS
SM
MD
LG