Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии пешсафони мусобиқоти лигаи аввал


Бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд баргузор шуданд.

Бозии марказии ин давр бо ширкати пешсафони ҷадвали мусобиқот -“Далерон-Ӯротеппа” (Истаравшан) - “Эсхата”(Хуҷанд) бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Вале ин натиҷа мавқеи ҳарду дастаро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод.

Баъди натиҷагирии даври 16-ум дастаи “Эсхата” бо 34 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Тими “Далерон-Ӯротеппа”бо 33 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаи “Исфара”-и шаҳри Исфара низ мисли пешин бо 29 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Натоиҷи бозиҳои даври 16-ум:

“Исфара” (Исфара) - “Пахтакор” (Ҷаббор Расулов) – 4:0
“Мастчоҳ” (Мастчоҳ) - “Спитамен” (Спитамен) – 3:3
“Шаҳристон” (Шаҳристон) - “Қайроққум” (Қайроққум) - 0:3
“Далерон-Ӯротеппа” (Истаравшан) - “Эсхата”(Хуҷанд) - 1:1
“Канд”(Конибодом) - “Зарафшон” (Панҷакент) – 5:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1 “Эсхата” 14 11 1 2 38 – 9 34
2 “Далерон-Ӯротеппа” 14 10 3 1 62 – 10 33
3 “Исфара” 14 9 2 3 38 – 16 29
4 “Зарафшон” 14 7 3 4 32 – 27 24
5 “Спитамен” 14 5 5 4 33 – 36 20
6 “Мастчоҳ” 14 5 2 7 25– 38 17
7 “Пахтакор” 13 5 1 7 25 – 27 16
8 “Канд” 13 3 2 8 27 – 41 11
9 “Қайроққум” 14 2 1 12 10 – 58 7
10 “Шаҳристон» 14 2 0 12 13 – 41 6















Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев (“Далерон-Ӯротеппа”) – 21 тӯб, Аъзам Ҳусейнов (“Далерон-Ӯротеппа”) – 19 тӯб, Ҳусейн Ҷалолов (“Эсхата”) - 12 тӯб, Илҳом Баротов («Далерон-Ӯротеппа») - 11 тӯб.

Даври 17-ум

15-уми октябр (сешанбе) – соати 15:00
«Канд» - «Шаҳристон»
“Қайроққум” - «Далерон-Ӯротеппа»

16-уми октябр (чоршанбе) – соати 15:00
«Эсхата» - «Мастчоҳ»
«Спитамен» - «Исфара»

17-уми октябр (панҷшанбе) – соати 15:00
«Пахтакор» - «Зарафшон»
XS
SM
MD
LG