Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон дар шаҳри Салоникии Юнон ду медал ба даст оварданд.

Дар рӯзи аввали ин мусобиқот, 11-уми октябр, паҳлавони тоҷик Ҷомии Ҳасан дар сабқати наврасон дар вазни то 48 килограмм мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Энхтаиван Гантогтох (Муғулистон) ғолиб шуд. Марат Неъматуллоев (Қазоқистон) ҷойи дувумро гирифт. Ҷомии Ҳасан ва Николае Фока (Молдова) ҷойҳои севумро азони худ карданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Суруш Каримов низ дар рақобатҳо дар вазни то 75 килограмм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин вазн Михаил Водовсков (Русия) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Аполон Зурабиани (Гурҷистон) дар ҷойи дувум қарор гирифт. Суруш Каримов ва Денис Павлюков (Украина) ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону духтарону навҷавонон, ки дар Салоникии Юнон 13-уми октябр ба охир мерасад, боз гуштигирони дигари тоҷик рақобат мекунанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Федератсияи самбои Осиё, таваассути телефон аз Салоникии Юнон хабар дод.
XS
SM
MD
LG