Пайвандҳои дастрасӣ

"Файлин" ба соҳилҳои шарқии Ҳиндустон наздик мешавад


Дар Ҳиндустон ба хотири наҷот аз тундбоде, ки айни ҳол дар соҳилҳои халиҷи Бенгол қарор дорад, беш аз 200 ҳазор нафар ба манотиқи амн кӯчонида шуданд. Қарор аст, ки то шом тундбоди “Файлин” ба аёлатҳои шарқӣ – Орисса ва Андрҳа-Прадеш расад.

Хадамоти ҳавосанҷии Ҳиндустон ҳушдор додааст, ки нерӯи шамол дар маркази тундбод то 220 километр дар як соат хоҳад буд. Аммо, бар пояи пешгӯии Маркази муттаҳидаи нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Амрико оид ба ҷилавгирӣ аз тӯфонҳо, нерӯи шамол метавонад то 315 километр дар як соат бирасад. Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ки шояд оби уқёнус то ба се метр расида биноҳои соҳилро хароб кунад.

Бар пояи хабарҳо, сокинони ваҳшатзадаи шаҳри Бҳубанешвара, маркази аёлати Орриса, ҳарчӣ бештар маводи озуқа захира мекунанд.
XS
SM
MD
LG