Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷор дар Ҷалолобод се кушта бар ҷой гузошт


Дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи Афғонистон, рӯзи шанбе бар асари таркиши мошин ду корманди полис ва як сокини осоишта ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, як маргталаб мошинро дар канори қароргоҳи полис мунфаҷир кардааст.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Афғонистон ангушти иттиҳом сӯи Толибон кардаанд, ки дар ин пеш борҳо ин гуна ҳамлаҳоро роҳандозӣ кардаанд.

Имрӯз дар Кобул музокирот миёни раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ идома меёбад. Керрӣ рӯзи ҷумъа бо як сафари ғайриинтизор вориди Кобул шуд ва бо мақомоти афғон дидору гуфтугӯ кард.

Мақомоти расмие, ки Ҷон Керриро дар сафар ҳамроҳӣ мекунанд, гуфтанд, дар натиҷаи музокироти рӯзи ҷумъа мавқеи ҷонибҳо дар мавриди шартҳои созишномаи амниятӣ миёни ИМА ва Афғонистон наздиктар шуд. Ҳамзамон онҳо таъкид карданд, ки ҳадафи боздид, ниҳоӣ кардани ин аҳднома нест, балки “қавитар кардани азм” барои имзои созишнома аст, ки музокирот перомуни он 11 моҳ боз идома дорад. Ин созишнома ба нерӯҳои амрикоӣ имкон медиҳад, ки баъд аз соли 2014 ҳам дар Афғонистон боқӣ монанд.

Қарор аст, ки санади амниятӣ то охири моҳи равон комилан ҳамоҳанг ва омодаи имзо шавад.
XS
SM
MD
LG