Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Рига -"трамплин"-и сафар ба бозорҳои бузург


Латвия, ки бо низоми нарми раводид ва ҳаққи иқомат таваҷҷӯҳи бисёр соҳибкорони кишварҳои пасошӯравиро ба худ кашидааст, акнун дар пешорӯи воридшавӣ ба минтақаи пули евро тасим дорад, ки раванди гирифтани ҳаққи иқоматро шадидтар кунад.

Нармиши низоми раводиди ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо барномаи сесолаест, ки дар авҷи бӯҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар рӯи кор омад ва ба соҳибкорони хориҷӣ имкон дод, ки ба ивази сармоягузории 71 ҳазор евро дар ин кишвар, имтиёзи дастрасӣ ба кишварҳои узви Шенгенро дарёфт кунанд.

Барои аксари соҳибкорони тоҷик, ки ба тиҷорати мошин машғул ҳастанд, Рига тахтаи ҷаҳиш ё трамплини сафар ба бозорҳои бузурги кишварҳои узви Шенген аст. Аммо сармоягузорони аслии Латвия дар ин се сол асосан соҳибкорони русу қазоқ буданд.

Ҳоло ки вазъи иқтисодӣ ба эътидол омадааст мақомоти Латвия тасмим доранд, ин кишварро ба минтақаи Евро шомил кунанд. Акнун дар дохили эътилофи нахуствазир Валдис Домбровскиз баҳсҳое ҷараён доранд, ки ин барномаро идома бидиҳанд ё хайр. Намояндагони эътилофи нахуствазир мегӯянд, ки имтиёз бояд танҳо ба онҳое дода шавад, ки сармояҳои ҳангуфтро ба иқтисоди ин кишвар сарозер мекунанд. Вазири молиёти Латвия аз 900 ҳазор евро суҳбат кард, аммо ин рақам ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Кишварҳои дигар, амсоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Австралия низ ба хотири сармояҳои бузург ба довталабон иҷозаи иқомот дар қаламравҳои худро медиҳанд.

Ба сурати умум, Латвия дар минтақаи Шенген шикоферо мемонад, ки аз он асосан сармоягузорони рус, чиниҳо, қазоқҳо ва шаҳрвандони кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ барои ворид шудан ба кишварҳои аврупоӣ истифода мекунанд.
Дзинтарс Берзинс, мудири бузургтарин ожонсии амлок дар Латвия мегӯяд, гумон аст ҳукумат аз ин луқмаи лазиз, ки дар он сиёсатмадорони бонуфуз ва бизнесҳои ҷиддӣ ворид ҳастанд, даст бикашад. “Ба гумони ман ин тасмим ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад, на имсол ва на соли дигар. Ин бисёр як ақидаи аҳмақона аст, зеро инҳо (соҳибкорон) пули зиёдро инҷо мегузоранд ва ин иқтисоди кишварро рӯ ба боло мебарад. Ин хеле хуб аст”

Тибқи тартиби ҳаққи иқомат дар Латвия, соҳибкорон метавонанд дар як сол як рӯз дар ин кишвар зиндагӣ кунанд ва баъдан сафари худро дар ҳар кишвари дигари Иттиҳоди Аврпуо давом бидиҳанд. Намунаи рӯшани ин шеваи иқомат, Алма Шалабаева, ҳамсари бонкдори фирории қазоқ Мухтор Аблиёзов аст. Моҳи майи соли равон пулиси Италия дар пайи як рейд ӯро бо духтараш ба Қазоқистон депорт кард. Пулис гуфт, ки Шалабаева санади ҳаққи иқомат дар Латвияро доштааст.

Аммо ба назар мерасад, нармиши низоми гирифтани ҳаққи иқомат миллионҳо евроро ба ин кишвар ворид кардааст. Ба гуфтаи мақомот, оғози ин ҳудудан 7 ҳазор соҳибкор, асосан аз Русия санади ҳаққи иқоматро дарёфт кардаанд. Аз рӯзи қабули барнома то ҳол беш аз 600 миллион евро ба ин кишвар ворид шудааст. Бино бар ҳисоби иқтисоддонҳо, ин рақам дар соли 2015 ба 1 милларду 700 миллион евро баробар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG