Пайвандҳои дастрасӣ

КМИР ба Зоиров: "Сабти Бобоназарова дигар имкон надорад"


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки дархости ҲСДТ оид ба сабти номи номи Ойниҳол Бобоназарова, хилофи қонун аст.

Абдуманон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР рӯзи 12-уми октябр дар вокуниш ба қарори Анҷумани ҲСТД гуфт, ки сабти номи Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар сабқати президентӣ дигар имкон надорад, чун муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба анҷом расидааст ва онҳо наметавонанд хилофи қонун амал кунанд. “Ин комилан нодуруст аст, ки аз мо талаб дорад (манзур Раҳматулло Зоиров, РО) то 1-уми ноябр бояд номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба қайд гирем. Қонун амал мекунад, ки мо аз он як қадам берун баромада наметавонем. Дар моддаи 25-и қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ба қайдгирии номзадҳо аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳо ба КМИРТ дар муддати се рӯз ва на камтар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.”

Ин масъули Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар вокуниш ба дархости дигари ҲСДТ дар мавриди бардоштани исми Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйхати номзадҳо гуфт, ки ӯ ба ин мақом бар асоси қонун пешниҳод шудааст ва зарурате барои бардоштани исми вай аз феҳрист нест.

ҲСДТ: "Агар Бобоназарова сабти ном нашавад..."

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 12-уми октябр гуфт, агар то 1-уми ноябр номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба қайд гирифта нашавад, интихоботи президентии соли 2013-ро таҳрим хоҳанд кард. Дар қарори Анҷумани 13-уми ғайринавбатии ҲСДТ гуфта мешавад, ки агар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон то аввали ноябр номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба қайд нагирад ва номзадии Эмомалӣ Раҳмон бинобар "ғайриконститутсионӣ" буданаш бардошта нашавад, интихоботро бойкот менамоянд. Дар қарори Анҷумани ҲСДТ аз Суди конститутсионӣ, КМИР ва Маҷлиси Олӣ дархост шудааст, ки ба тақозои онҳо ҷавоби рамзӣ бидиҳанд.

Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова.

Дар қарори Анҷумани ҲСТД гуфта шудааст, ки ҳамаи имзоҳои ҷамъовардаи Бобоназарова дуруст буда ва номзадии ӯ бояд сабти ном шавад. Ҳамчунин дар ин қарор ишора ба тақаллуб дар имзоҳои ҷамъовардаи аҳзоби дигар шуда, аз ҷумла зикр шудааст, ки донишҷӯён ва кормандони муассиса ва идораҳо маҷбур карда шудаанд, ки ба тарафдории ин номзадҳо имзо гузоранд, дар ҳоле, ки тибқи қонун, ҷамъоварии имзоҳо бояд танҳо дар маҳали зист сурат бигирад.

ҲСДТ изҳороти Шоҳиён оид ба анҷумани ин ҳизбро "беасос" номид

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон изҳороти раиси КМИР дар бораи ғайриқонунӣ баргузор шудани анҷумани ин ҳизбро «беасос» хонд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ рӯзи 12-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар робита ба изҳороти Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ки агар онҳо дар анҷумани худ ба мақоми президентӣ номзад пешниҳод мекарданд, дар он сурат анҷумани онҳо ғайриқонунӣ ҳисоб мешуд, зеро мӯҳлати пешбарии номзадҳо ба поён расидааст. Аммо онҳо дар анҷуман масоили дохили ҳизбиро баррасӣ кардаанд, ки ин ба қонунгузорӣ мухолифате надорад. Ҳамзамон оқои Ҳакимов таъхир дар баргузории Анҷумани ҳизбро ба пайдо накардани ҷой барои доир намудани он рабт дод.

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 12-уми октябр зимни як нишаст дар Душанбе баргузории Анҷумани сотсиал-демократҳоро аз нигоҳи қонун нодуруст хонд. Оқои Шоҳиён бо ишора ба анҷумани сотсиал-демократҳо гуфт, ки онҳо бояд пеш аз мӯҳлати муайяншуда анҷумани худро баргузор карда ва роҷеъ ба интихобот мавқеи худро муайян мекарданд.

Анҷумани 13-уми ғайринавбатии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе баргузор шуд ва дар он дар он намояндагони вазорати адлияи Тоҷикистон, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон низ ширкат доранд. Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб дар оғози Анҷуман гуфт, ки тасмим доштанд, намояндагони созмонҳои хориҷӣ ва корпуси дипломатии муқими Душанберо низ даъват кунанд, аммо бинобар надоштани ҷойи муносиб, аз ин сарфи назар кардаанд.

Хабарнигори "Озодӣ" аз маҳали баргузории Анҷуман мегӯяд, ки дар он се масъала-мавзеи ин ҳизб оид ба интихоботи президентии Тоҷикистон, ворид намудани намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҳизб ва тасдиқ намудани маъмурияти раҳбарони навинтихобшудаи ин ҳизб дар маҳалҳо, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ҳоле баргузор шуд, ки номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки ин ҳизб низ шомили он мебошад, бинобар ҷамъ наовардани имзоҳо, аз сабқати президентӣ берун рафт.

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб қаблан ба "Озодӣ" гуфта буд, ки чун номзади ягонаро ҲНИТ пешниҳод кард, Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки ҲСДТ низ узви он аст, амалан ба ҷамъоварии имзо машғул аст. Вай афзуд, ҲСДт метавонист умуман анҷуман баргузор накунад, вале ба хотири баррасии стратегияи ширкати ҳизбашу аъзояш дар интихобот, анҷуман мегузаронад.

Дар ҳоле, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназароваро номзади худ медонист, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён чанд рӯз қабл тайи як баёнияи телевизионӣ гуфт, ки хонум Бобоназарова бар асоси қонун танҳо номзади ҲНИТ аст.

Ба гуфтаи оқои Шоҳиён, субъектҳои пешбарикунандаи номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳастанд ва онҳо ташаккулеро бо номи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ намешиносанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи 6-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад ва то кунун шаш номзад аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои ширкат дар он сабти ном шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG