Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахтазори Тоҷикистон аз дурбини Ройтерз


Пахта як риштаи асосии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва баъди алюминий дувумин маҳсулоти умдаи содиротии кишвар ба шумор меравад.

Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ солона то 1 миллион тонна пахта ҷамъ меовард, вале баъди касби истиқлол ин рақам қариб 3 маротиба коҳиш ёфт. Имсол пахтазорон дар 200 000 гектар доман кашида, интизор меравад, 415 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шавад.

Мунтақидон мегӯянд, фоидаи онро асосан чанд ширкати наздик ба мақомоти аввали кишвар мегиранд ва ба деҳқони оддӣ дар ивази 8-9 моҳи заҳмати пуразоб дар офтоби сӯзон даромади ночизе мерасад, ки на ҳамаи харҷҳои кишоварзии ӯро мепӯшонад.

Пахтаи Тоҷикистонро асосан ширкатҳои дохилӣ ба хориҷ мебароранд ва тибқи дастури нави Кумитаи андоз, онҳое, ки пахтаро мефурӯшанд ва ба хориҷ мебаранд, аз рӯи нархи ҳамонрӯзаи он дар Биржаи Ливерпул муайян карда мешавад.

Аксҳои зеро хабаргузории Ройтерз аз рафти ҷамъоварии пахта дар наздикии деҳаи Яхак, 120 километрии ҷануби шаҳри Душанбе бардоштааст.

XS
SM
MD
LG