Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ ба Афғонистон сафар кард


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, барои гуфтугӯ дар бораи тарҳи созишномаи амниятӣ бо Афғонистон, вориди шаҳри Кобул шуд. Қарор аст, ӯ бо раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай дар ин бора сӯҳбат кунад. Амрикову Афғонистон бояд то охири ҳамин моҳ, аҳдномаеро имзо кунанд, ки иҷоза медиҳад, теъдоде аз нерӯҳои амрикоӣ баъд аз соли 2014 дар қаламрави Афғонистон бимонанд. Мақомоти расмие, ки Ҷон Керриро дар сафар ҳамроҳӣ мекунанд, гуфтанд, ҳадафи боздид, ниҳоӣ кардани ин аҳднома нест, балки “қавитар кардани азм” барои имзои созишнома аст, ки музокирот дар бораи он 11 моҳ аст идома дорад. Аввали ҳамин ҳафта Ҳомиди Карзай гуфт, мардуми кишвараш бинобар ҳузури нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон ранҷи зиёд кашидаанд.
XS
SM
MD
LG