Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо дигарбора аз Украина хост, ки...


Иттиҳодияи Аврупо ба Украина гуфт, агар мехоҳад, паймони деринтизораш бо иттиҳодия имзо шавад, пас бояд Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқро аз зиндон раҳо кунад. Стефан Фюлле, масъули умури тавсиаи Иттиҳодияи Аврупо, дар ин бора дар як мизи гирде дар шаҳри Киев сухан гуфт. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Украина бояд нишон бидиҳад, ки дар ислоҳи қонунҳои интихоботӣ ва низоми додгоҳӣ низ пешрафти зиёд кардааст. Юлия Тимошенкоро соли 2011 барои имзои як созишномаи ҷанҷолии воридоти газ аз Русия ба 7 соли зиндон маҳкум карданд. Аммо ӯ мегӯяд, ки бегуноҳ аст ва иттиҳомот алайҳи ӯ ангезаҳои сиёсӣ доранд. Иттиҳодияи Аврупо аз дер боз мехоҳад, ки Украина Юлия Тимошенкоро ё авф кунад ва ё барои табобати камараш дар хориҷ аз кишвар раҳо намояд. Интизор меравад, Украина моҳи ноябр паймони ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо намояд, ки аз ҷумла тиҷорати озод миёни ду тарафро дар назар дорад. Олмон гуфтааст, барои табобати Юлия Тимошенко омода аст.
XS
SM
MD
LG