Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи Обама бо ҷумҳурихоҳон ҳосил надод


Гуфтугӯи Барак Обама ва вакилони ҷумҳурихоҳ дар бораи боло бурдани сақфи қарзи давлатии Амрико ҳосиле надод. Кохи Сафед дар як баёнияи катбӣ гуфт, ки гуфтугӯ “хуб” буд, аммо ду тараф натавонистанд, роҳи мушаххасе барои хориҷ шудан аз бунбаст пайдо кунанд. Эрик Кентор, раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагон мулоқот бо Барак Обамаро “бисёр муфид” хонд ва афзуд, ки баҳс дар бораи сақфи буҷа бо вакилони демократ идома хоҳад кард. Вакилони мардумии Амрико то рӯзи 17 октябр фурсат доранд, сақфи қарзи давлатии Иёлоти Муттаҳидаро, ки ҳоло 16 триллиону 700 миллиард долларро ташкил медиҳад, боло баранд, дар акси ҳол мумкин аст, ҳукумати Амрико варшикаста шавад. Вакилони Ҳизби Демократ ҳамчунин мехоҳанд, бо қабули қарори дигаре тарҳи буҷаро қабул кунанд ва кори ниҳодҳои ҳукуматиро аз сар бигиранд. Ёздаҳ рӯз аст, ки нисфе аз ниҳодҳои давлатии Амрико ба далели қабул нашудани тарҳи буҷа кор намекунанд.
XS
SM
MD
LG