Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел эълон шуд


Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёиро барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел эълон карданд. Ин созмони байналмилалӣ масъули назорати иҷрои Паймони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёӣ ва ҷамъоварии иттилооту таҳлилҳо дар бораи ин навъи аслиҳа аст. Маҳз гурӯҳи коршиносони ҳамин созмон, қазияи ҳамлаи кимиёӣ дар наздикии шаҳри Димишқ дар Сурияро таҳқиқ ва собит карданд. Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёӣ дар шаҳри Гаага қароргоҳ дорад ва ҳоло назорати маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёӣ дар Сурия бар ӯҳдаи он аст. Бар асоси созиши Русиву Амрико аз моҳи сентябр, бояд тамоми захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурияро то нимаҳои соли 2014 нобуд кунанд. Ҷоизаи Сулҳи Нобел, бо арзиши 1 миллиону 250 ҳазор долларро рӯзи 10-уми декабр дар шаҳри Осло ба соҳибонаш месупоранд.
XS
SM
MD
LG