Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати нозирони ИДМ: "Ҳадафи мо дахолат ба интихобот нест"


Ҳайати нозирони ИДМ мегӯянд, ки фаъолияти онҳо дар интихобот ба таври мустақилона сурат гирифта ва ҳадафи дахолат кардан ба ин равандро надоранд.

Владимир Горкун, муовини аввали дабири кулли Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ ва узви ҳайати нозирони интихоботии ин созмон рӯзи ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, "мо ҳамин ҳоло шаҳодатномаи нозириро дарёфт кардем ва ба кори худро оғоз намудем".

Ҷаноби Горкун гуфт, ки "мо ба даъвати вазорати корҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон омадем ва ҳайат аз 15 нафар иборат аст, ки раҳбари ҳайат, ҷаноби Лебед аст ва дертар хоҳад омад".

Аммо ба таъкиди ҷаноби Горкун, куллияи нозирони ИДМ дар ҳудуди 150 нафар хоҳад шуд, ки аксари нозирон дар арафаи интихобот ба Тоҷикистон ҳоҳад омад.
Вай ҳадафи фаъолияти нозирони ИДМ -ро, ки аз кумитаи иҷроияи ИДМ, дипломатҳо ва намояндагони порлумон ҳастанд, "назорат бар раванди баргузории интихобот ва таҳлили ин руйдоди муҳими сиёсӣ" арзёбӣ кард.

Ба таъкиди Владимир Горкун, дидоре бо Шермуҳаммади Шоҳин, раиси КМИРТ
анҷом гирифта ва дар рӯзҳои оянда бо номзадҳо ва аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ низ сӯҳбат хоҳад шуд.

Вай гуфт, ки "фаъолияти нозирон мустақилона сурат мегирад ва ҳеҷ дахолате ба интихобот нахоҳем дошт. Аммо қонунгузории интихоботии Тоҷикистонро, ки баргузории интихоботро танзим кардааст, эҳтиром мегузорем."

Ҳайати нозирони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ ба манзури назорат ба раванди баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон, рӯзи гузашта вориди Душанбе шуданд.

Ба фаъолият оғоз кардани нозирони Кумитаи иҷроияи ИДМ барои назорат бар раванди баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳайати дарозмуддати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ҳанӯз дар як ҳафтаи пеш вориди Душанбе шуданд ва фаъолияти худро идома медиҳанд. Раҳбарии ҳайати нозирони САҲА, сафир Параскива Бадеску бар дӯш дорад ва дар ҳоли ҳозир 16 нафар аз ин созмон ба Тоҷикистон омаданд ва қарор аст, дар арафи интихоботи президентӣ 150 нафари дигар вориди Душанбе хоҳанд шуд.

Дар нахустин нишасти хабарӣ, сафир Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рузи чоршанбеи 2 октябр дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенси" -и шаҳри Душанбе "ҳадафи аслии нозирони ин созмонро назорат бар интихоботи президентии моҳи ноябр унвон кард. Вай дар ин раванд ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи маданӣ ба манзури мусоидат дар баргузории интихоботи шафофу демократӣ ва озод таъкид кард.

Сафир Бадеску мегӯяд, дар ҷараёни иҷрои миссияи худ, иҷрои қонунҳои вобаста ба интихоботро баррасӣ хоҳем кард ва ҳамзамон бо аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ ва аққалиятҳои миллӣ ва интихобкунандагон суҳбату мулоқотҳо доир мекунем, яъне робита ба ҷомеаи маданӣ дар афзалияти фаолияти мо қарор дорад.

Сафир Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА мегӯяд, ки гузориши ниҳоӣ аз раванди баргузории интихоботи Тоҷикистон пас аз ду моҳи баргузории он нашр хоҳад шуд. Нозирони САҲА барои бори панҷумин бор аст, ки дар интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунанд.

Ҳарчанд шумораи дақиқи нозирони байналмилалӣ эълом нашудааст, аммо гуфта мешаваад интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 700 нозири байналмилалӣ назорат хоҳад кард. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ дар рузи қабули Қонуни Асосии ин кишвар баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG