Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ҳаҷми қарзу буҷаи Амрико идома дорад


Кохи Сафед мегӯяд, агар қарори “бидуни қайду шарт” дар бораи муваққатан боло бурдани сақфи қарзи давлатии Амрикоро ба раиси ҷумҳур Барак Обама пешниҳод кунанд, “ба эҳтимоли ғолиб” онро имзо хоҳад кард. Ҷей Карнӣ, сухангӯи ҳукумати Амрико, рӯзи панҷшанбе гуфт, ки Барак Обама дар ивази қабули тарҳи буҷа ва аз сар гирифтани кори ниҳодҳои давлатӣ “боҷ” нахоҳад дод. Мухолифони тарҳи буҷаи давлати Амрико, аз ҷумла Ҷон Боҳнер, раиси Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардааст, ки дар сурати гузашти Обама дар масъалаи қабули буҷа, метавонанд, сақфи қарзи давлатии Амрикоро муваққатан боло баранд. Ҳафтаи дуввум аст, ки ба далели қабул нашудани тарҳи буҷаи Амрико, нисфе аз ниҳодҳои ҳукуматии ин кишвар кор намекунанд. Ҷумҳурихоҳон, ки Маҷлиси Намояндагонро дар даст доранд, гуфтаанд, ки фақат дар сурате тарҳи буҷаро қабул мекунанд, ки ҳукумат қонун дар бораи бимаи ҳатмии тиббӣ дар Амрикоро тағйир диҳад. Аммо вакилони демократ ин пешниҳодро қабул надоранд. Дар сурати боло набурдани сақфи қарзи давлатии Иёлоти Муттаҳида, ҳукумати ин кишвар баъди 17 октябр пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳои ҷориаш нахоҳад ёфт ва мумкин аст варшикаста шавад.
XS
SM
MD
LG