Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико интихоботи Озарбойҷонро ғайридемократӣ хонд


Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст. Мери Ҳарф, сухангӯи вазорат рӯзи панҷшанбе дар як баёнияи расмӣ гуфт, Амрико бо арзёбии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқ аст, ки гуфтанд, интихоботи Озарбойҷон “бисёр ноқис” будааст. Ин нозирон рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Боку гуфтанд, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар он Илҳом Алиевро пирӯз эълон карданд, бо тақаллубу қонуншиканӣ олуда буд. Ба гуфтаи нозирон, онҳо дар 37 ҳавзаи интихоботӣ шоҳиди пур кардани сандуқҳои раъйдиҳӣ шудаанд ва шумориши оро дар 58 нуқтаҳои раъй дуруст сурат нагирифтааст. Кумиссиёни интихоботии Озарбойҷон гуфт, тақрибан шумориши орои мардумро анҷом додааст ва аз ин ҳисоб Илҳоми Алиев, раиси ҷумҳури феълӣ 85 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Комил Ҳасанлӣ, номзади воҳиди мухолифони давлати Озарбойҷон ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, тақрибан 5 дар сади ороро соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG