Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА мегӯяд, Озарбойҷон бояд мушкилотро бартараф кунад


Нозирони САҲА мегӯянд, интихоботи рӯзи чаҳоршанбеи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон бо мушкилоти ҷиддӣ ва камбудиҳои зиёд ҳамроҳ буд. Дар ин кишвар эълон шудааст, ки Илҳои Алиев-раиси ҷумҳури кунунӣ бо бартарии комил пирӯз шудааст.

Нозирони САҲА дар нишасти хабарие дар Боку гуфтанд, ки чунин мушкилиҳо дар давоми рӯзи райдиҳӣ мушоҳида шудааст. Тана да Жулетта-раҳбари нозирони САҲА гуфт:

“Нозирони мо дар бораи таҳдид иддаоҳое дарёфт кардаанд ва ҳатто шоҳиди ҳамлаҳои ҷисмонӣ ба рӯзноманигорон дар рӯзҳои пеш аз райдиҳӣ шудаанд ва мо онро ба таври ҷиддӣ нақзи муқаррарот медонем”.

Нозирон хотирнишон сохтанд, ки Озарбойҷон барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди САҲА ин камбудиҳоро бояд бартараф кунад.

Вале дар як эъломияи муштараки дигар нозирони Маҷмаи Порламонии Аврупо ва нозирони Шӯрои Аврупо гуфтаанд, ки интихобот шаффоф ва демократӣ будааст, бо вуҷуди он ки дар озодии баён баъзе мушкилиҳо ҷой доштааст.
XS
SM
MD
LG