Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзай барандаи "Ҷоизаи Сахаров- 2013" шуд


Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай-фаъоли 16 солаи омӯзишу парвариш аз Покистон, ки мавриди талоши суиқасди Толибони Полкистон қарор гирифт, ҷоизаи Порламони Аврупоро бо номи ҷоизаи Сахаров 2013 дарёфт кард.

Ҷозеф Дол-раиси Ҳизби мардумии Аврупо Малоларо тимсоли рӯҳбаландии наврасон номид, ки мехоҳанд орзуҳои худро амалӣ кунанд. Вай гуфт: “Ман ҷароғро дӯст дорам. Малола мисли чароғест, ки роҳро дар торикӣ рӯшан мекунад”.

Моҳи октябри соли 2012 Толибон дар роҳ ба сӯи мактаб бар сари Малола тир холӣ карданд. Вайро барои муолиҷа ба Британия интиқол доданд ва дар ҷараёни муолиҷа вай дар Бирмингам дар мактабе таҳсилро идома дод.
XS
SM
MD
LG