Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаи "Интихобот". "Фардои меҳанро бисоз"


Фазлиддин Раҳмон.
Фазлиддин Раҳмон.

Телевизион ва радиои давлатии вилояти Хатлон намоиши клипи тозаэҷоди Фазлиддини Раҳмон, овозхони маҳаллие, ки ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бахшида шудааст, ба роҳ мондаанд.

Дар ин тарона овозхон аз мардуми Хатлонзамин даъват мекунад, ки дар интихоботи президентӣ ширкат варзида, раъйи худро ба ҷонибдории номзади шоиста бидиҳанд.

Масъулони телевизиони давлатии Хатлон мегӯянд, ин нахустин як чунин таронаест, ки ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бахшида шуда, шеваи ғайримаъмулии таъсирбахшӣ ба ширкати фаъоли раъйдиҳандаҳо дар интихобот маҳсуб мегардад. Биноан, маъмурияти телевизион ва радио тасмим гирифтааст, ки то рӯзи баргузории интихоботи президентӣ ин клипро ҳар шом манзури тамошогарону сомеон кунад.

Овозхон Фазлиддини Раҳмон мегӯяд, бо назардошти камтаваҷҷуҳии мардум ба маъракаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ба чунин хулоса расидааст, ки таронае даъваткунанда ба иҷро расонад. Аммо ҳадафаш ин набудааст, ки аз номзадии кадом довталаби мушаххаси курсии президентӣ пуштибонӣ кунад. Вай мегӯяд мақсадаш аз таҳияи ин тарона даъвати мардум ба интихобот ва баргузор шудани интихоботи демократӣ, шаффоф ва одилонаи президентӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ мебошад.

Ту боши фарди ин ватан,
Хушнуд биё, овоз деҳ.
Фардои меҳанро бисоз,
Аз динаву имрӯз беҳ.
Бар ростию дӯстӣ,
Қонун ҳидоят мекунад.
Роҳи дуруст халқро,
Соҳибсаодат мекунад.
Соҳибсаодат мекунад…
Як сӯ гузор, эй ҳамватан,
Узру итоби хешро.
Бар нафъи ин халқу ин ватан,
Кун интихоби хешро,
Кун интихоби хешро.

Муаллифи матни суруди «Интихобот» шоир Усмон Билолӣ мебошад. Вай мегӯяд, аз пешниҳоди Фазлиддини Раҳмон доир ба навиштани шеъре бахшида ба интихобот истиқбол кард ва умедвор аст, ки ин тарона барои боло бурдани эҳсоси масъулиятшиносии раъйдиҳандаҳо мусоидат мекунад. «Бовар дорам, ки мардуми мо нисбати ояндаи худ ва давлатамон бетараф нестанд ва дар рӯзи интихоботи президентӣ ба пойи сандуқҳои раъй омада, ба номзади арзанда овоз хоҳанд дод», - афзуд Билолӣ.

Сурудани таронаи марбут ба интихоботи президентиро овозхони дигари тоҷик Толиб Қурбонхонов, зодаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, низ таҷриба кардааст. Аммо ба фарқ аз таронаи «Интихобот»-и Фазлиддини Раҳмон, Толиб Қурбонхонов дар сурудаш «ВВП», ки соли гузашта хеле маъруф шуда буд, аз раъйдиҳандаҳои рус даъват мекард, ки ба ҷонибдории номзад ба президентӣ Владимир Путин овоз диҳанд.

Гуфта мешавад, ки сидиҳои таронаи «Интихобот»-и Фазлиддини Раҳмон рӯзҳои наздик дар фурӯшгоҳҳо низ ба фурӯш гузошта мешавад, аммо то куҷо он дар миёни мардум маҳбубият пайдо мекунад, вақт нишон хоҳад дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи худи овозхон, маъмурияти телевизиони давлатии Хатлон барои пахши ин таронаи ӯ ягон сомонӣ ҳаққи қалам надодааст ва ба сурати ройгон онро пахш мекунад. Раҳмон афзуд, ҳоло аз шабакаҳои марказии телевизионӣ низ бо ӯ тамос гирифта, хостаанд, ки сабти таронаи «Интихобот»-ро барояшон манзур кунад, то дар эфири ин шабакаҳо пахш шавад.
XS
SM
MD
LG