Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА аз мушкилоти ҷиддӣ дар интихоботи Озарбойҷон хабар дод


Нишасти хабарии САҲА дар Боку

Нишасти хабарии САҲА дар Боку

Нозирони САҲА мегӯянд, интихоботи рӯзи чаҳоршанбеи раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон бо мушкилоти ҷиддӣ ва камбудиҳои зиёд ҳамроҳ буд. Дар ин кишвар эълон шудааст, ки Илҳои Алиев-раиси ҷумҳури кунунӣ бо бартарии комил пирӯз шудааст.

Нозирони САҲА дар нишасти хабарие дар Боку гуфтанд, ки чунин мушкилиҳо дар давоми рӯзи райдиҳӣ мушоҳида шудааст. Нозирон хотирнишон сохтанд, ки Озарбойҷон барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди САҲА ин камбудиҳоро бояд бартараф кунад.

Вале дар як эъломияи муштараки дигар нозирони Маҷмаи Порламонии Аврупо ва нозирони Шӯрои Аврупо гуфтаанд, ки интихобот шаффоф ва демократӣ будааст, бо вуҷуди он ки дар озодии баён баъзе мушкилиҳо ҷой доштааст.

Кумиссюни марказии интихоботии ин кишвар мегӯяд, раиси ҷумҳури кунунӣ Иҳлом Алиев бо касби 84.6 дарсади оро пирӯз шудааст. Ҷамил Ҳасанлӣ-номзади ягонаи мухолифон наздик ба 5 дарсад овоз гирифтааст. Вале мухолифон мегӯянд, аз қонуншиканиҳо ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Онҳо бар ин ақидаанд, ки пур кардани баргаҳои иловагӣ, раъйдиҳии такрор ба такрори баъзе шахсон ва дахолати мақомот ба интихибот мушоҳида шудааст
XS
SM
MD
LG