Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз муҳлати 15-рӯзаи қайд озод мешаванд


Қарор аст имрӯз 10-уми октябр ҳукумати Русия масъалаи имзои протокол дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз 16-уми октябри соли 2004-ро баррасӣ кунад.

Дар ин бора субҳи имрӯз хадамоти матбуотии ҳукумати Русия иттилоъ додааст. Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия лоиҳаи имзои протоколи мазкурро ироа кардааст ва гуфта мешавад, ки он бар асоси Ёддошти тафоҳум дар бораи рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират таҳия гардидааст.

Дар Ёддошти мазкур ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки якбора муддати се сол дар Русия будубош кунунд.

Дар сурати қабул шудани пешниҳодоти мазкур инчунин масъалаи аз ҷониби президенти Русия барои тасвиб ба парлумон ироа кардани қарордод миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро низ баррасӣ кунад.

Тибқи лоиҳаи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд муддати 15 рӯз аз таърихи ворид гардидан бар Русия барои сабти ном дар мақомот озод бошанд.
XS
SM
MD
LG