Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони ғарбӣ интихоботи Озарбойҷонро озоду одилона хонданд


Нозирони байналмилалӣ аз Порлумони Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба хулосае омаданд, ки интихоботи президентии 9 октябри Озарбойҷон озод, одилона ва шаффоф баргузор шуд. Дар ҳоле ки 98 дарсади раъйҳои шумурда шудаанд, Кумиссюни марказии интихоботии ин кишвар мегӯяд, раисиҷумҳури феълӣ Иҳлом Алиев бо касби 84.6 дарсади онҳо пирӯз гашта, номзади ягонаи мухолифон Ҷамил Ҳасанлӣ наздик ба 5 дарсад овоз гирифтааст. Вале мухолифон мегӯянд, бо эътироз аз қонуншиканиҳо, аз ҷумла пур кардани баргаҳои иловагӣ, раъйдиҳии чандгона ва дахолати мақомот ба интихибот ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Созмонҳои байнулмилалӣ бо таъкид ба саркӯби матбуоти мустақил, созмонҳои ҷамъиятӣ ва мухолифон гуфтанд, ки дар Озарбойҷон шароити баргузории интихоботи озоду одилона фароҳам нашуд.
XS
SM
MD
LG