Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Либия сарвазири рабудашударо озод карданд


Ҳукумат ва нерӯҳои амниятии Либия мегӯянд, сарвазир Алӣ Зейданро, ки гуруҳе аз шӯришгарони собиқи Либия ба асорат гирифта буданд, озод кардаанд. Пештар гуруҳи мазкур гуфта буд, сарвазири ин кишварро ба ҳабс гирифтааст. Субҳи панҷшанбе хабар расид, ки сарвазир Алӣ Зейдон аз тарафи мардони мусаллаҳ рабуда шудааст. Дертар шӯъбаи Инқилобиёни Либия ба воситаи Фесйбук хабар дод, ки ӯро бо дастури додситон боздошт кардааст. Сухангӯйи ин гуруҳ гуфтааст, Зейдон барои нақшаш дар дастгир шудани гумонбари маъруфи Ал-Қоида аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар пойтахти Либия рӯзи шанбе боздошт шуд. Аммо дар изҳороти ҳукумати Либия гуфта мешавад, сарвазир Зейдон бо сабабҳои номълум аз тарафи ашхоси мусаллаҳ рабуда шудааст.
XS
SM
MD
LG