Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсии зидди фасод алайҳи ду корманди ВКД парванда боз кардааст


Оҷонсии зидди фасод алайҳи нозири калони як шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, барои ситонидани ришва дар ивази ваъда барои дохил кардани як шаҳрванд дар Академияи ВКД Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия 10-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки нозири калони гурӯҳи матбуотии ВКД Баҳодур Саидов ба боварии як шаҳрванд даромада барои дохил кардани ду додарзодаи вай ба бахши буҷавии Академияи ВКД-и Тоҷикистон 9000 доллар гирифтааст.

Феълан гурӯрҳи тафтишотӣ аз овардани ному насаби шаҳрванди ба истилоҳ "ҷабрдида" худдорӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир бар руи ин ҳодиса парванда боз карда шуда, Баҳодур Саидов тибқи қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста шуда (ришва бо миқдори калон) тафтишоти пешакии муфатишони Оҷонсӣ идома дорад.

Аммо дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даст доштани нозири калони ВКД, кормандои раёсати кор бо ноболиғон ва ҷавонони вазорат Баҳордур Саидовро рад кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ Баҳодур Саидов феълан дар вазифаи худ адои вазифа дорад ва ба ҳеҷ гуна ришва даст назадааст.

Дар ҳамин ҳол Оҷонсии зидди фасод таъкид мекунад парвандаи ҷиноӣ дар нисбати нозири калони гурӯҳи матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳануз дар 16-уми сентябр оғоз шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии зидди коррупсия аз боздошти боз як нафар корманди ин вазорат - сардори Шӯъбаи тафтишотии ШВКД-2 нохияи Рудакй Ёров Нусрат хабар дод. Тибқи иттилои оҷонсӣ Ёров Нусрат бо сӯйстифода аз ваколатҳои хизматӣ ба воситаи миёнарав Забиров Табаралӣ барои қатъ намудани маводи санҷишӣ, ки дар ҳолати баррасӣ қарор доштааст, аз ӯ ба маблағи 2000 доллар талаб намудааст.
Сардори Шӯъбаи тафтишотии ШВКД-2 нохияи Рудакй Нусрат

Ёров ҳангми гирифтани 2000 доллар ҳамчун пора аз тарафи гурӯҳи зудамали оҷонсӣ боздошт шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG