Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи марговар дар маркази пойтахт


Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикстон хабар медиҳад, ки бар асари як сабқати худсаронаи ронандаҳои ҷавон дар хиёбони Рудакӣ ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ рақамаш ВМ 20-20 РТ 01 ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Сомонӣ дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ- Шоҳтемур, ба муқобили самти ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа ба мошини ВАЗ 21-014 рақами давлатиаш 80-36 ВВ 01 бармехӯрад.

Дар натиҷа ронандаи ВАЗ 21-014 ва ду мусофири он кушта шудаанд се нафари дигар аз ҷумла ронандаи БМВ ва ду нафари шадидан маҷруҳ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба фарқ аз хабарҳои пешинаш дар робита ба садамаҳои ному насаби ронандаи БМВ ва афроди ба марграсидаҳо ва ҷароҳатбардоштаҳоро ошкор намекунад.

Яке аз кормандони Бозрасии автомобилии шаҳри Душанбе, ки аз овардани номаш худдорӣ кард гуфт ронандаи БМВ бо рақами гаронарзиши «ВМ 20-20 РТ 01» фарзанди яке аз вазирони Тоҷикистон буда, ба ин хотир ҳам ному насаби вай ва ҳам ҳалокушдаҳо дар хабар оварда нашуд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ҳодиса аз садамҳои даҳшатноктарин дар пойтахт дар як моҳи ахир ба шумор мерафтааст.
XS
SM
MD
LG