Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба фаъолони Greenpeace иттиҳомоти нав меҷӯяд


Мақомоти Русия мегӯянд, мумкин аст бар зидди фаъолони боздоштшудаи Greenpeace ё зистмуҳитӣ иттиҳомоти дигар, аз ҷумла бо худ доштани маводи мухаддири ғайриқонунӣ эълон шавад. Сухангӯи Кумитаи тафтишот рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки онҳо ба тафтиши таҷҳизоти онҳо ва моддае машғуланд, ки дар таркибаш “мухаддирот” дорад.

Ба гуфтаи ҷониби Русия, агар иддао дар бораи маводи мухаддир таъйид шавад, дар он сурат ин кори олуда ба ҷиноят хоҳад буд. Муфаттишони Русия мегӯянд, баъзе фаъолони Greenpeace барои он дар боздошт нигоҳ дошта мешаванд, ки нагузоштаанд марзбонон кори худро анҷом диҳанд.

Фаъолони Greenpeace шаҳрвандони 18 кишваранд ва марзбонони рус моҳи гузашта киштии онҳоро замоне боздошт карданд, ки ду нафар талош карданд аз истихроҷи нафт дар Арктика пешгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG