Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкории сеҷониба барои мубориза бо маводи мухаддир


Раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Афғонистону Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкеки Қирғизистон эъломияи ҳамкории сеҷонибаро имзо карданд.

Ин эъломия ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро пешбинӣ мекунад. Ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид карданд, ки афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон хатари иловагӣ дар минтақаро дар пай дорад ва он тақозо мекунад, ки ҳамкориҳо тақвият ёбанд.

Ин эъломия аз 9 модда иборат аст ва беҳбуди ҳамкориҳо дар солҳои 2011-2014-ро дар бар мегирад ва дар чаҳорчӯбаи барномаи минтақавии UNODC иҷро мешавад. Мулоқоти навбатии ин сегона моҳи сентябри соли 2014 дар Кобул баргузор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG