Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон то соли 2016 артиши худро касбӣ мекунад


Низомиёни Қазоқистон мегӯянд, ки то соли 2016 артиши ин кишвар ба артиши касбӣ табдил хоҳад ёфт. Генерал Сакен Жасузақав-раиси ситоди артиш дар изҳороте гуфт, то соли 2016 99 дарсади нируҳои мусаллаҳ аз сарбозони қарордодӣ иборат хоҳад буд. Ҳоло 65 дарсади аскарони Қазоқистон, яъне 109 500 нафар хидмати ҳатмии ҳарбиро иҷро мекунанд.

Ҳафтае пеш Украина-ҷумҳурии дигари Шӯравии пешин эълон кард, ки ба хидмати ҳатмии сарбозӣ хотима медиҳад ва то охири соли 2014 ба хидмати касбии низомиён оғоз мекунад. Гурҷистон низ моҳи январ эълон кард, ки то соли 2017 артиши худро ба артиши касбӣ табдил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG