Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи муҳоҷирони қурбошуда дар обҳои Италия ба 303 расид


Шумораи қурбониёни киштие, ки муҳоҷиронро интиқол медод ва дар обҳои надзикии ҷазираи Лампедусаи Италия ғарқ шуд, ба 302 нафар расидааст. Мақомоти расмии Италия рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки дар ҷои ғарқшудаи киштӣ чанд ҷасади дигарро пайдо кардаанд ва ҷустуҷӯ ҳамчунон идома дорад.

Киштии мазкур 3 октябр ба мусибат дучор шуд ва интизор меравад, ки часадҳои дигар пайдо шаванд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, то ҳол даҳҳо нафар бедарак мебошанд. 210 нафари қурбониён мард, 83 нафар зан ва 9 нафари онҳо кӯдак мебошанд. Тахмин мезананд, ки тақрибан 500 нафар савори ин киштии моҳигирӣ будаанд.

Хосе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва Энрико Летта-нахуствазири Италия рӯзи чаҳоршанбе аз маҳали ҳодиса боздид карданд. Нахуствазири Италия ваъда дод, ки барои таъмиру бозсозии марказҳои муҳоҷирон сармояи бештар ҷудо хоҳад кард.

Раиси Кумиссиюни Аврупо қавл дод, ки барои Италия 30 миллион евро ҷудо мекунад, то барои ҳали мушкили паноҳҷӯён истифода шавад.
XS
SM
MD
LG