Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷонибдорони Алиев ба таҷлили пирузӣ шуруъ карданд


Ҷонибдорони Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури кунунии Озарбойҷон ба таҷлили пирузии густардаи вай шурӯъ кардаанд. Чанд созмони назарсанҷӣ пешгӯӣ мекунанд, ки вай аз 81 то 84 дарсади орои райдиҳангдагонро ба даст овардаст.

Номзадҳои мухолифон иддао мекунанд, ки дар интихобот қонуншиканиҳо мушоҳида шудааст. Ҷамил Ҳасанлӣ-номзади эътилофи аҳзоби сиёсии мухолиф рӯзи чаҳоршанбе дар эъломияе гуфтааст: “Тақаллуби сартосарӣ нақзи бераҳмонаи ҳақи мардум барои интихоб ва ба таври ошкоро эҳтиром нагузоштан ба он аст”.

Намояндагони нозирони Маҷмаи Порламонии Шӯрои Аврупо (PACE) пеш аз он рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки онҳо то ҳол нақзи муқаррароти райдиҳиро мушоҳида накардаанд. Аммо мухолифон наворҳои видеоиро аз саҳнаҳои қонуншиканиҳои густарда аз ҷараёни райдиҳӣ дар интернет гузоштаанд.

Як нозири минтақаии мухолифон аз ҷониби номзад Ҷамил Ҳасанлӣ вақте, ки ба қитъаи райдиҳӣ ҳозир шуд, вайро лату кӯб кардаанд. Баъзе аз фаъолони дигар иддао мекунанд, ки онҳо райдиҳии такрор ба такрори баъзе одмонро мушоҳида кардаанд.

Интизор меравад, ки Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури кунунӣ ба осонӣ пируз шавад ва панҷ соли дигар курсии худро нигоҳ дорад.
XS
SM
MD
LG