Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Exit Poll пирӯзии Алиевро дар интихоботи Озарбойҷон пешгӯӣ кард


Бар асоси натиҷаҳои назарсанҷиҳои пасазинтихоботӣ дар Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тақрибан 84 дар сади ороро ба даст оварда пирӯз шудааст. Руфис Гонаглов-ҳамраиси созмони ғайридавлатии Анҷумани Ҳамкорӣ дар нишасти хабарие эълон кард, ки номзадҳои дигар, аз ҷумла Ораз Ализода 0,71, Ҳофиз Ҳоҷиев 0,79, Қудрат Ҳасангулиев 1,30 ва Ҷамил Ҳасанлӣ 8,20 дарсади орои интихобкунандагонро соҳиб шудаанд.

Дар интихоботи рӯзи чаҳоршанбе 10 номзад ширкат доштанд ва мухолифони давлат мегуянд, ки интихобот олуда ба тақаллуб буд.Дар интихобот 10 номзад ширкат мекунанд ва мухолифони давлат мегӯянд, ки он олуда ба тақаллуб сурат гирифт. Комил Ҳасанлӣ як номзади мухолифон имрӯз гуфт: "Иттилооте, ки нозирони ман аз саросари ҷумҳурӣ фиристодаанд, собит мекунад, ки тақаллубкории зиёд ҷой дорад. Ин чӣ гуна интихобот аст, ки натиҷаҳои он як рӯз пеш аз раъйдиҳӣ муайян шудааст."
Тарафдорони Комил Ҳасанлӣ, номзади мухолифи давлат, ҳукумати Озарбойҷонро ба фасодкориву беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд, аммо тарафдорони Илҳом Алиев мегӯянд, ки рушди қавии иқтисодии Озарбойҷони нафтхез нишон медиҳад, ки ӯ бояд раиси ҷумҳури кишвар бимонад. Илҳом Алиев пас аз даргузашти падараш, Ҳайдар Алиев, раиси ҷумҳури собиқ соли 2003 ҷойгузини ӯ шуд ва то ҳол дар Озарбойҷон ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG