Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Эмомалӣ Раҳмон ордени FIAS супурда шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Федератсияи байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (FIAS) мукофотонида шуд.

Ин мукофотро ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати ҳамаҷонибааш ҷиҳати рушди самбо дар Тоҷикистон ва Осиё намояндаи FIAS Михаил Тихомиров, раиси Федератсияи байналмилалии варзишҳои ғайриолимпӣ, дар ноҳияи Дарвоз, дар маросими кушоиши варзишгоҳи нави “Авесто Арена” супурд.

Михаил Тихомиров, инчунин, ба Эмомалӣ Раҳмон сипосномаи раиси Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаковро супурд ва ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ордени Федератсияи самбои Русияро тақдим кард. Баъдан ҷаноби Тихомиров аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш намуд, ки барои баргузории мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо барои Ҷоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон розигӣ бидиҳад. Раҳмон ин пешниҳодро бо қаноатмандӣ қабул кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Федератсияи самбои Осиё, хабар дод.

Вай афзуд, “Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо мукофоти олии самбои байналмилалӣ «Медали тиллои FIAS» сарфароз шуда буд. Ин мукофотро ба Эмомалӣ Раҳмон президенти Федератсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 27-уми июни соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд супурда буд. Бояд тазаккур дод, ки Эмомалӣ Раҳмон 2-юми июни соли 2009 дар шаҳри Тошканд дар конгресси муассисони Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ президенти фахрии ин федератсия интихоб шудааст.

Маҳмуди Абдулло, инчунин, иттилоъ дод, ки рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия конгресси Федератсияи байналмалалии самбо баргузор шуд. Дар ин конгресс Василий Шестаков боз раиси FIAS интихоб гардид.
Зимнан, Маҳмуди Абдулло, ки рӯзи 4-уми октябр дар Санкт-Петербург дар конгресси Федератсияи самбои Осиё ноиби аввали раиси ин созмон интихоб гашт, дар конгресси FIAS ба узвияти кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо пазируфта шуд.

Дар конгресси FIAS, инчунин, нақшаи мусобиқоти соли 2014 тасдиқ гардид, ки мувофиқи он соли оянда мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Улан-Батори Муғулистон, қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон дар Ҷопон ва қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд.
Рӯзҳои 21-24-уми ноябри соли равон бошад, дар Санкт-Петербург мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон барпо мегардад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард. Дар ҷараёни ин мусобиқот 75-солагии самбо таҷлил мешавад.

Ба иттилои Маҳмуди Абдулло паҳлавонони тоҷик рӯзи 10-уми октябр барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону навҷавонон ба шаҳри Солоникии Юнон сафар мекунанд, ки миёни онҳо гуштигирони моҳир, ба монанди Хушқадам Хисравов, Зафар Олимшоев, Комрон Карликов ва Муҳаммадиқбол Мирзоев ҳастанд.
XS
SM
MD
LG