Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳтии мағз дар Тоҷикистон


Замониддини Насриддин
Замониддини Насриддин

Навиштаи нави яке аз блогнависони тоҷик Замониддини Насриддин, муаллифи блогҳои “Ҷойгоҳи танги тоҷикӣ дар интернет”, "Метаморфизм"-и миллати тоҷик”, “Ба сиёсат кордор бошем ё не?”, “+ бе - чӣ маънӣ медиҳад?” ва ғайра блоги нави худро ба Радиои Озодӣ фиристод.

Замоне заминдорон афроди сарватманд шумурда мешуданд. Баъд даврае шуд, ки соҳибони коргоху фабрикаҳо бой шуданд. Имрӯз замоне расидааст, ки соҳибони маълумот—информация--дониш бойтарин одамони ҷаҳонанд. Онҳое, ки иттилоъ доранд, “мағз” ҳастанд, аз иттилои гирдовардаи худ иттилои нав ба миён меоранд ва онҳоянд, ки ҷаҳонро идора мекунанд.

Мамлакате, ки мағзҳоро ҷалб мекунад пешрафт хоҳад кард ва баръакс мамлакате, ки мағзҳо онро тарк мекунанд, фано хохад шуд. Мағзҳо беҳтарин боигарии сайёраи Заминанд. Онҳо кашшофи асрори нокушуда ва нерӯи пешбарандаи ҷаҳонанд.

Ҳар миллату давлат давраҳои гуногуни, ба истилоҳ “мағзӣ”-и худро аз сар мегузаронанд. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вазъи худро дарк кардаанд ва талош доранд, бо ҷалби мағзҳо аз хориҷ ва фароҳам овардани шароити хуб барои онҳо ба пешрафт даст ёбанд. Зиёда аз 50 дарсади арзишҳои имрӯзаи ҷаҳонро мағзҳо офаридаанд ва ҳоло фанноварию технологияҳо бо захираҳои бузурги нафту газ баробар шудаанд.

Тоҷикистон ҳоло дар марҳилаи душвори “мағзӣ” қарор дорад. Ҳама пешрафту қувва ва ояндааш танҳо ва танҳо аз мағзҳо вобастааст. Ҳаёту мамоти Тоҷикистон мағзҳои онанд. Қувваи муҳаррики пешбарандаи Тоҷикистон мағҳои комиланд. То он даме ин мамлакат мағзофар нашавад ба пешрафти 1-дарсада ҳам даст нахоҳад ёфт.

Бо такя аз тадқиқоти илмиам, боре навишта будам, ки дар сурати истихроҷи як кони санги қимматбаҳои ёқут (рубин) қарзи берунаи Тоҷикистон ба андозаи шаш баробар пардохта хоҳад шуд. Тасаввур кунед: аз ҳисоби истихроҷи чунин коне -- ҳама роҳҳои Тоҷикистонро аз мармар фарш хоҳем кард – на аз мум ё қатрон! Ку мағз? Ку усули истихроҷ? Конҳои маъдану сангҳои қимматбаҳои беҳисоби мо дар хобанд!

Президенти ояндаро шояд тавсия медодам, ки барои ҷалби мағзҳои хирфаии дунё азме кунад, факат ҳузури мағзҳо Тоҷикистонро пеш хоҳад бурд.Агар барояшон миллионҳо долларро сармоягузорӣ кунед, дар кутоҳтарин фурсат ин сармояро дучанд хоҳед кард. Идея ними давлат аст. Бе идея миллионҳо доллари шумо як тӯда коғаз асту бас.

Ба иззати нафси мағзҳои ватанӣ, намерасам. Воқеъбин бошем, мо чизе карда натавонистем, чун бисёрии мағзҳо холӣ ё пучанд. Мо бисёр қафо мондаем ва даҳсолаҳои дигар низ нахоҳем тавонист, бо дигарон баробар шуд. Бояд аз хориҷ мағз орем. Чида-чида, сара кардаву беҳтаринҳоро бо беҳтарин шароит ба кишвар орем.

Чанд сол пеш фикр мекардем, ки пул бошад, мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайраро ҳал хоҳем кард. Дар бистуанд соли гузашта миллиардҳо доллар ба Тоҷикистон рехт, тағйири куллие ба миён наомад. Ҳоло фикр кунед, чаро? Мағз зарур аст, то ин мушкилот ҳал шаванд, вагарна -- боз торикӣ, хунукӣ, муҳоҷират...
XS
SM
MD
LG