Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Гринпис мехоҳад, бо Путин мулоқот кунад


Куми Найду, раиси созмони байналмилалии Грипнис, бо ирсоли номае ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, хостори мулоқот бо ӯ шудааст, то аз ин роҳ ба раҳоии 30 узви фаъоли созмон мусоидат кунад. Дар баёнияи катбии Куми Найду аз рӯзи чаҳоршанбе омадааст, ки ӯ ҳозир аст, ҳар лаҳза ба Маскав сафар карда ва дар раҳоии аъзои созмон, ки дар шаҳри Мурманск нигаҳ дошта мешаванд, кӯмак кунад. Мақомоти Русия 30 узви Гринпис, ки шаҳрвандони 18 кишвари ҷаҳонанд моҳи сентябр бо киштииашон бо номи “Тулӯъи Арктика” боздошт карданд. Аъзои ин созмони тарафдори покизагии муҳити зист ба нишон эътироз аз фаъолиятҳои ширкати Газпром, саъй кардаанд, ба як манораи нафткаши ин ширкат дар Арктика бароянд. Мақомоти интизомии Русия ҳафтаи гузашта аъзои Гринписро ба роҳзанӣ муттаҳам карданд ва мумкин аст, барои ин кор онҳоро ба 15 соли зиндон маҳкум кунанд.
XS
SM
MD
LG