Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанет Йеллен раиси Бонки Марказии Амрико мешавад?


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, ки Ҷанет Йелленро ба мақоми раиси Бонки Марказии Иёлоти Муттаҳида пешбарӣ кунад. Дар сурати тасвиб, ӯ нахустин зане хоҳад буд, ин ниҳоди пурқудрати Амрикоро раҳбарӣ мекунад. Интизор меравад, ки Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе расман номзадии Ҷанет Йелленро эълон кунад, ки ҳоло муовини раиси Бонки Марказии Амрикост. Мӯҳлати раёсати Бен Бернанке, раиси феълии бонк, баъд аз 8 соли кор дар ин мақом моҳи январ ба поён мерасад. Ҷанет Йеллен дар ин муддат аз ҳамақидаҳои наздики Бен Бернанке буд ва аз сиёсатҳои ӯ барои поён нигаҳ доштани баҳраи бонкӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди иқтисодии Амрико ҳимоят кардааст. Гуфта мешавад, ки сиёсатҳои Бен Бернанке дар авҷи бӯҳрони молии соли 2008 ба иқтисоди Амрико, бузургтарин иқтисоди ҷаҳон кӯмак кард, рӯи по бимонад.
XS
SM
MD
LG