Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико мегӯяд, кӯмак ба Мисрро қатъ намекунад


Ҳукумати Амрико мегӯяд, қасд надорад, ки кӯмакҳои низомӣ ба Мисрро мутаввақиф кунад ва гузоришҳо дар бораи қатъ кардани ин кӯмакҳо “дурӯғ” аст. Кейтлин Ҳейден, сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико зимни нашри баёнияе гуфт, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар рӯзҳои наздик ҳаҷми кӯмакҳои оянда ба ҳукумати дастнишондаи артиш дар Мисрро эълон хоҳад кард. Дар баёния омадааст, ки Барак Обама моҳи сентябр зимни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал бармало гуфт, ки кӯмакҳои низомии Амрико ба Миср “идома хоҳад кард”. Баъди онки артиши Миср Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури мунтахаби ин кишварро дар рӯзи севуми июл аз мақомаш барканор кард, ҳукумати Амрико ба бознигарии кӯмакҳои низомиаш ба Миср пардохт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таъмини суботи Миср ҳар сол ба ин кишвар 1 миллиарлд доллар кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG