Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дави хушҳолӣ дар Донишкадаи варзиши Тоҷикистон


Рӯзҳои 10- 11-уми октябр дар шаҳри Душанбе чорабиниҳо аз рӯи барномаи Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.

Ба барномаи ин чорабиниҳо, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов барпо мегарданд, озмуни хабарнигори навраси Бозиҳои осиёӣ (Asian Games Уouth reporter), викторинаи шавқовар (Fun Learn) ва дави хушҳолӣ (Fun Run) дохиланд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин чорабиниҳо ба Бозиҳои 17-уми осиёӣ, ки соли 2014-ум дар шаҳри Инҷони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, бахшида шудааст. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин чорабиниро дар ҳамкорӣ бо Шӯрои олимпии Осиё, вазорати маорифи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар баргузор мекунад. Маросими кушодашавии ин чорабиниҳо субҳи панҷшанбеи 10-уми октябр дар маҷлисгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин маросим, инчунин, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон, ширкат варзида, бо хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мулоқот мекунад. Сипас дар озмуни хабарнигори ҷавон хонандагони макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар мавзӯъҳои варзишӣ ба забони англисӣ иншо менависанд. Ғолиби ин озмун аз ҷониби ҳакамон, ки ба ҳайати он намояндагони Шӯрои олимпии осиё ва аъзои Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон дохиланд, муайян карда мешавад.”

Баҳрулло Раҷабалиев.
Баҳрулло Раҷабалиев.
Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев рӯзи дувуми чорабиниҳо – 11-уми октябр дар маҷлисгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз рӯи барномаи викторинаи шавқовар (Fun Learn) бо ширкаткунандагони озмун - хонандагони мактабҳои Душанбе саволу ҷавоб гузаронида мешавад. Саволҳо оид ба таърихи Бозиҳои осиёӣ ва намудҳои варзиш мебошанд. Дар ин навъи озмун низ ғолиб муайян хоҳад шуд.

Дар бахши севум - дави хушҳолӣ (Fun Run) кӯдакону наврасони синнашон аз 10 то 17-сола ширкат меварзанд. Ба ҳамаи ширкаткунадагон либоси варзишӣ (футболка ва бейсболка) тақдим хоҳад шуд. Дави хушҳолӣ дар майдони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барпо мегардад. Ширкаткунандагон ба масофаи аз 400 метр то 2 километр медаванд. Ба беҳтаринҳо медалу сертификатҳои Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда мешаванд. Инчунин ғолибони бахшҳои хабарнигори навраси Бозиҳои осиёӣ ва викторинаи шавқовар бо медалу сертификат мукофотонида хоҳанд шуд.

Баҳрулло Раҷабалиев афзуд, “ғолибони бахшҳои хабарнигори навраси Бозиҳои осиёӣ ва викторинаи шавқовар ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бо роҳхатҳои Шӯрои олимпии Осиё соли 2014 дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Инҷони Кореяи Ҷанубӣ иштирок намоянд.”
XS
SM
MD
LG