Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз эҳтимоли варшикастагии Амрико ҳушдор дод


Washington, October 7, 2013

Washington, October 7, 2013

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама мегӯяд, қатъи кори ҳукуматаш, ки ба иллати норозигии Конгресс бо тарҳи буҷа иттифоқ афтод, эътимод ба Амрикоро дар ҷаҳон коҳиш медиҳад.

Президент Обама, ки аз вазъи феълӣ афсурда ба назар мерасид, ба хабарнигорон дар Кохи сафед гуфт, омодааст, ҳама гуна масъалаҳои марбути буҷаро бо ҷумҳурихоҳон баррасӣ кунад, аммо чунин шеваи корро, ки онҳо ҳукуматро ба навъе гаравгон гирифтаанд ва гаравпулӣ тақозо мекунанд, қабул надорад. Вай изофа кард, ки вазъи феълӣ эътимод ба Амрикоро дар саросари ҷаҳон коста мекунад ва иқтисоди ин кишварро ба самти дефолт ҳаракат медиҳад.



Обама дар ҳоле суҳбат мекард, ки аз қатъи кори ҳукумати Амрико ҳашт рӯз мегузарад ва бунбасти марбут ба буҷа ҳалли худро пайдо накардааст. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, субҳи сешанбе ӯ бо раиси Маҷлиси намояндагон, ҷумҳурихоҳ аз аёлати Оҳайо, Ҷон Бейнер телефонӣ суҳбат кард, аммо тарафҳо ба натиҷае нарасиданд.

Дар Маҷлиси намояндагон, ки аз тарафи ҷумҳурихоҳон назорат мешавад, ҷиноҳи “Ҳизби чой” ба барномаи бимаи саломатӣ, ки Обама пешниҳод намудааст, шадидан мухолиф аст ва талаб дорад, ин тарҳ аз байн бурда шавад. Обама мегӯяд, тасвиби буҷа ва баҳси марбут ба бимаи саломатиро бояд аз ҳам ҷудо кард. Вай бар ин аст, ки бояд тарҳи буҷа қабул шавад ва баҳс дар бораи тарҳи бима идома ёбад.

Бино бар тасдиқ нашудани тарҳи буҷа кори бахши умдаи хадамоти давлатӣ дар Иёлоти Муттаҳида қатъ шуда, кормандон ба рухсатии бемузд рафтаанд. Танҳо бахшҳои умдаи марбут ба амният ва нақлиёти ҳавоӣ кори худро идома медиҳанд.

Обама ҳамчунин ҷумҳурихоҳонро ҳушдор дод, ки зарфияти қарзгирии давлатро густариш диҳанд, то ҳукумат тавонад, ба “шатдаун” ё қатъи кори худ расидагӣ кунад. Вай гуфт, боло бурдани ҳадди аксари зарфияти қарзи Амрико ба маънои афзоиши худи қарз набуда, манхзур танҳо таҳкими эътимод ба Амрико дар ҷаҳон аст.

Агар Конгресс натавонад, ин марзро то 17-уми октябр боло барад, Иёлоти Муттаҳида мумкин аст, баҳраи қарзҳои худро дода натавонад ва бо дефолт рӯбарӯ гардад.

Ҳукумати Чин ин ҳафта таъкид кард, ки боло бурдани зарфияти қарзгирии Иёлоти Муттаҳида барои иқтисоди ҷаҳонӣ муҳим аст. Ҳоло васиқаи 1 триллиарду 277 триллион доллар қарзи Амрико дар дасти Чин аст.

Сандуқи Байнулмилалии Пул рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки боло набурдани ҳадди аксари зарфияти қарзгирии Амнрико, ки ин кишварро бо дефолт рӯбарӯ мекунад, метавонад ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ занад.

Обама дар робита ба ин гуфт: "Ин мушкилро ҳал намекунад. Мо қарздиҳандаҳоро замоне ором карда метавонем, ки онҳо бинанд, раис Бейнер қонунеро тасвиб кард, ки кори ҳукуматро аз нав оғоз мекунад ва ба хазинадори кишвар имкон медиҳад, пули васиқаҳоро сари вақт супорад. То инро набинанд, иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳида зери абрҳои шубҳа боқӣ хоҳад монд.”

Бейнер, ки лаҳзаҳое пас аз Обама ҳарф зад, гуфт, ба президент зебанда нест, ки талаби гуфтушуниди ҷумҳурихоҳонро сари чораҳои коҳиши касри буҷа пайиҳам ақиб занад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG