Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Мушкили буҷа обрӯи Амрикоро пойин мебарад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, ки барои музокирот бо ҷумҳурихоҳон оид ба буҷаи кишвар омода аст, аммо фақат баъди он ки онҳо барои лағви таҳдид алайҳи иқтисодиёт розӣ мешаванд. Ӯ шоми сешанбе, 8 октябр, дар нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед ҷумҳурихоҳонро, ки мухолифи боло бурдани сатҳи қарзи давлатиянд, дар фишори сиёсӣ айбдор кард.

Раҳбарони ҳизби ҷумҳурихоҳон рӯзи сешанбе бори дигар Барак Обамаро ба музокирот оид ба буҷа даъват карданд.

Ҳафтаи гузашта, баъди аз сӯи Конгресс рад шудани тарҳи буҷа, бархе аз муасссиаҳои ҳукуматии Амрико ба таътили иҷборӣ рафтанд.

Барак Обама дар бораи паёмадҳои манфии иҷро нашудани ӯҳдадориҳои молиявии кишвар дар сурати аз сӯи Конгресс боло набурдани сатҳи қарз ҳушдор дод. Ба гуфтаи ӯ, ин боиси пойин рафтани обрӯву эътибори Амрико хоҳад шуд.

Ихтилофи назар байни маъмурияти Обама ва вакилони Конгресс бо тарҳи ислоҳоти низоми бимаи Амрико марбут аст. Ҳадафи ин барнома бо бима таъмин кардани миллионҳо амрикоиест, ки то кунун таҳти муроқибати тиббӣ қарор надоштанд. Аммо вакилони ҷумҳурихоҳ ин барномаро “кушандаи ҷойҳои кор” ва таҳдид ба иқтисоди Амрико мехонанд.
XS
SM
MD
LG