Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё ва Эрон робитаҳои дипломатиро эҳё мекунанд


Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, аз оғози раванде дар равобити миёни Лондон ва Теҳрон хабар дод, ки қарор аст ба эҳёи робитаҳои дипломатӣ миёни Бритониё ва Эрон мусоидат кунад. Равобити дипломатӣ миёни ду кишвар моҳи ноябри соли 2011 баъди он қатъ шуданд, ки донишҷӯёни муҳофизакори эронӣ пас аз намоиши эътирозӣ алайҳи таҳримҳои нави зиддиэронии Лондон ба бинои сафорати Бритониё ҳамла карда, шишаҳои биноро шикастанд ва мошинҳову парчамҳои бритониёвиро сӯзониданд.

Вилям Ҳейг рӯзи сешанбе, 8 октябр, зимни суханронӣ дар парлумони Бритониё гуфт, ки ӯ ва ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф дар мавриди батадриҷ ислоҳ кардани вазъ ба созиш расидаанд. Раҳбари идораи сиёсати берунаи Бритониё афзуд, ки ду кишвар ибтидо ваколатдорҳои худро дар Теҳрон ва Лондон таъин мекунанд, ки ҳадафашон эҳёи робитаҳо ва ниҳоят муваффақ шудан ба ифтитоҳи сафоратҳо мебошад.
XS
SM
MD
LG