Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Троблус хостори тавзеҳоти Вошингтон шудааст


Сафири ИМА дар Либия Дебора Ҷоунс ба хотири додани тавзеҳот ба ҳукумати ин кишвар даъват шуд. Сабаби даъвати дипломати амрикоӣ – амалиёти нерӯҳои зудамали ИМА барои боздошти яке аз фармондеҳони эҳтимолии “Ал-Қоида” Абу Анос ал-Либӣ дар канори Троблус эълон шудааст. Ҳукумати Либия изҳор намуд, Вошингтон дар бораи ин амалиёт, ки субҳи рӯзи шанбе сурат гирифт, Троблусро дар ҷараён нагузоштааст.

Вазорати умури хориҷии Либия рӯзи сешанбе хабар дод, ки вазири адлия Салоҳ ал-Мархонӣ ҳам як рӯз пеш Дебора Ҷоунсро барои тавзеҳот оид ба ин амалиёт даъват карда буд. Ӯ амалиёти боздошти ал-либиро “одамрабоӣ” номид. Нахуствазири Либия Алӣ Зайдон рӯзи сешанбе изҳор намуд, ки парвандаи шаҳрвандони Либия бояд дар худи кишвар муҳокима шавад.

Абуанос ал-Либӣ дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла, дар ташкили инфиҷорҳо дар сафоратҳои Амрико дар Танзания ва Кения дар 15 соли пеш гумонбар мешавад. Бар асари он ҳамлаҳои террористӣ 224 нафар ҷон бохта буданд

Ал-Либӣ дар хориҷи Либия, ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, дар як киштии низомии амрикоӣ дар баҳри Миёназамин нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG