Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи дуюми мутахассисони кимиёвӣ ба Сурия меравад


Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ, мақараш дар шаҳри Ҳейги Ҳоланд, мехоҳад гурӯҳи дуввуми мутахассисонро ба Сурия барои нобудсозии захираи силоҳи кимиёвии ин кишвар фиристад. Дар ин бора Дабири кулли созмон Аҳмад Узюмҷю рӯзи шанбе дар Ҳейг хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ба зудӣ миёни Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ ва СММ созиш дар бораи таъмини амнияти коршиносони халъи силоҳ имзо хоҳад шуд.

Як рӯз пеш Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар бораи таъсиси гурӯҳи муштараки Созмони Милал ва Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ иборат аз сад нафар хабар дод.

Гурӯҳи аввали мутахассисони Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ, ки аввалҳои моҳ вориди Димишқ шуда буд, тафтиши захираҳои заҳрҳои қаттол дар Сурияро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG