Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 медали варзишгарони тоҷик дар сабқати сумо дар Австрия


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Австрия оид ба сумо чаҳор медал ба даст оварданд.


Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Кевгсау баргузор шуд, варзишгарони се кишвар – Австрия, Олмон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Намояндаи Тоҷикистон Зоирҷон Ёров ҳам дар вазни беш аз 115 кило ва ҳам дар вазни мутлақ соҳиби ду медали нуқра шуд. Акмал Назриддинов дар вазни то 85 кило ва Фотеҳ Мухторов дар вазни то 115 кило барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Фотеҳ Мухторов, раиси Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон, хабар дод. Бояд гуфт, ки Фотеҳ Мухторови 45-сола поягузори гуштии ҷопонии сумо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вай даҳ сол инҷониб ба ин навъи варзиш машғул аст. Бо ибтикори Фотеҳ Мухторов ҳафт сол муқаддам Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон таъсис ёфта буд ва аз ҳамон сол ӯ раҳбари ин созмон аст.
XS
SM
MD
LG