Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Авзо дар Иссиқкӯли Қирғизистон пурташаннуҷ боқӣ мондааст. Тазоҳургарон, ки миллӣ кардани кони бузурги Қумторро талаб кардаанд, ба ҳумат ҳушдор доданд, ки алайҳи онҳо аз нирӯ кор нагирад.

Даҳҳо тазоҳургар дар деҳкадаи Сурууи Иссиқ Кул таҳдид кардаанд, ки дар сурати истифодаи нирӯ алайҳи онҳо ба пулис муқовимат нишон хоҳанд дод. Ҳоло дар макони эттирозҳо ҳудудан 100 нафар ҷамъ шудаанд. Онҳо бо оташ задани чаҳор чархи мошин ҷодаро онро масдуд карданд. Онҳо ҳамчунин бо чидани сангҳои бузург дар ҷодаҳо роҳро дар байни ду деҳкада- деҳкадаҳои Саруу ва Дархун дубора бастанд. Бинобар масдуд шудани ҷодаҳо убури муошинҳо аз пули Кашат мушкил шудааст.



Тазаҳурот аз рӯзи гузашта ба ин тараф бо талаби миллӣ кардани кони бузурги тиллои Қумтор ҷараён дорад. Як рӯз пештар аз ин маъмурони пулис садҳо тазоҳургарро, ки бо ҳамин талаб як мақоми ҳукумати маҳаллиро гаравгон гирифтанд, бо истифода аз гази ашковар ва норинҷакҳои беҳискунанда пароканда намуданд. Тазоҳургарон таҳдид мекарданд, ки агар кони Кумторро миллӣ накунанд, ин мансабдорро зинда ба зинда оташ мезананд. Пулис мегӯяд, ки то ҳол 23 тазоҳургар боздошт шудааст. Дар ҷараёни бархурдҳо чаҳор нафар, аз ҷумла ду корманди пулис ҷароҳат бардошт. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи душанбе хост, ки ин қазияро таҳқиқ кунанд. Моҳи майи имсол, ҳазорон нафар дар назди кони Қумтор бо талаби миллӣ кардани он тазоҳурот карданд. Баъди ин ҳукумати Қирғизистон маҷбур шуд, бо имзои созишномаи нав шартҳои истихроҷи тилло аз тарафи ширкати Сентерра Голди Қирғизистонро тағйир диҳад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG