Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Путин зидди ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳи ИДМ шудааст


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотии рӯзи 8-уми октябр гуфтааст зидди низоми раводидӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) аст. Ба навиштаи хабаргузории REGNUM Владимир Путин гуфтааст, ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои ИДМ маънои онро дорад, ки Русия кишварҳои собиқ Шӯравиро аз худ дур мекунад. Ба назари Путин Русия набояд ин кишварҳоро аз худ дур кунад, балки то чанд наздик намояд. Путин бозорҳои ин кишварро мисол оварда гуфтааст, ки ҷайҳои кори холии зиёде ҳастанд, ки шаҳрвандони Русия басандагӣ намекунанд ва бояд аз ҳисоби муҳоҷирон таъмин карда шавад. Владимир Путин танҳо хостааст муҳоҷирони корӣ бояд забони русӣ ва фарҳанги русро донанд ва ба қавонини ин кишвар эҳтиром гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан баъзе мансабдорони ин кишвар хостори ҷори кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG