Пайвандҳои дастрасӣ

Барандагони ҷоизаи Нобел дар физика эълон шуданд


Питер Ҳигс физики бритониёӣ ва Франсуа Энглерт донишманди белжикӣ барои кашфи як муаммои душвори мавҷудияти коинот сазовори ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуданд. Питер Ҳигс аввалин олиме аст, ки соли 1964 мавҷудияти зарраҳои Ҳигсро, ки “зарраҳои худовандӣ” ҳам номида мешавад, кашф кардааст. Ин зарраҳо ба гуфтаи донишмандон ба ашё вазн медиҳанд. Ин фарзияи ӯро чанде пеш бо озмоишҳо дар як суръатфизои бузурги атомӣ дар Швейтсария собит карданд. Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши физикаро Фарҳангистони Улуми Шветсия рӯзи сешанбе эълон кард. Ҷоизаи 1 миллиону 200 ҳазор доллариро моҳи декабр ба соҳибонаш месупоранд. Барандагони Ҷоизаи Сулҳи Нобелро рӯзи ҷумъа дар шаҳри Осло эълон мекунанд.
XS
SM
MD
LG