Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон шоҳроҳи Қирғизистонро бастанд


Дар Қирғизистон садҳо нафар бо талаби миллӣ кардани бузургтарин кони тиллои кишвар як шоҳроҳи аслиро дар вилояти Исиқкӯл бастанд. Як рӯз пештар аз ин маъмурони пулис садҳо тазоҳургарро, ки бо ҳамин талаб як мақоми ҳукумати маҳаллиро гаравгон гирифтанд, бо истифода аз гази ашковар ва норинҷакҳои беҳискунанда, пароканда намуданд. Тазоҳургарон таҳдид мекарданд, ки агар кони Қумторро миллӣ накунанд, ин мансабдорро зинда ба зинда оташ мезананд. Бисту се тазоҳургарро дастгир карданд. Чаҳор нафар аз ҷумла ду корманди пулис ҷароҳат бардоштаанд. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи душанбе хост, ки ин қазияро таҳқиқ кунанд. Моҳи майи имсол, ҳазорон нафар дар назди кони Қумтор бо талаби миллӣ кардани он тазоҳурот карданд. Баъди ин ҳукумати Қирғизистон маҷбур шуд, бо имзои созишномаи нав шартҳои истихроҷи тилло аз тарафи ширкати Сентерра Голди Канадаро тағйир диҳад.
XS
SM
MD
LG