Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Амрикову Русия ҳамдигарфаҳмӣ доранд"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мегӯяд, кишвараш ва Амрико сари корҳое, ки бояд дар Сурия анҷом шавад, “ҳамдигарфаҳмӣ” доранд. Владимир Путин баъди мулоқоташ бо Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар Индонезия, ӯ аз мавзеъгирии Амрико ситоиш кард ва гуфт, бовар дорад, ки мутахассисони байналмилалӣ дар тӯли як сол, захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурияро маҳв хоҳанд кард. Раиси ҷумҳури Русия афзуд, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, бо нозирони байналмилалии аслиҳаи кимиёӣ “фаъолона” ҳамкорӣ мекунад. Владимир Путин дар робита ба масъалаи аҳдномаи сулҳ бо Ҷопон гуфт, ки қабл аз имзои ин аҳднома ду кишвар бояд дар симои ҳам на душман, балки дӯстро бубинанд. Ба қавли Путин, тиҷорати муфиди дутарафа миёни Русияву Ҷопон “як заминаи хуб” барои имзои аҳдномаи сулҳ миёни ду кишвар аст, ки бо вуҷуди хотимаи Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум онро имзо накардаанд. Раиси ҷумҳури Русия барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёву Уқёнусия ба Индонезия сафар кард.
XS
SM
MD
LG