Пайвандҳои дастрасӣ

Сафар Сафаров


Сафар Сафаров 22 майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 1983 мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Дар замоин Шӯравӣ бештар дар ниҳодҳои комсомоливу ҳизби коммунист кор карда, то мақоми котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет(ҳоло -Темурмалик) расида буд. Солҳои 1990-2000 вакили парлумон. Солҳои 2000-2001 раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2001 сафири Тоҷикистон дар Русия ва соли 2007 намояндаи мухтори Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шудааст. Аз соли 2007 то феврали соли 2010 муовини авали раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Аз соли 2010 муовини якуми раиси ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон. Дорандаи ордени «Шараф» ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
XS
SM
MD
LG