Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 9 моҳ 249 тобут аз Русия танҳо ба фурудгоҳи Хуҷанд


Ба иттиллои фурудгоҳи байнулмалалии Хуҷанд дар 9 моҳи соли равон ҷанозаи 249 шаҳрванди тоҷик, сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон аз Русия ба Хуҷанд интиқол ёфтааст. Рӯзи 8-уми октябр дар нишасти хабарии фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд масъулони ин фурудгоҳ гуфтанд, ки 80 дар сади ин одамон аз бемориҳои гуногун фавтида, 5 нафар аз дасти миллатгароёни сартарошидаи рус ё дигар афроди ҷиноятпеша кушта шудаанд, 18 нафар бо роҳи худкушӣ аз ҷаҳон рафтаанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки дар 9 моҳи соли равон мақомоти Русия 891 сокини Суғдро ихроҷ (депорт) карда, ба Тоҷикистон фиристондааст. Зайнура Шарифова, раҳбари хадамоти мазкур гуфт, 358 нафари онҳо аз қаламрави Русия ва 531 нафари дигар аз фурудгоҳу хати марз ба сабаби риоят накардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар ва ё ҷой доштанашон дар рӯйхати депортшудагон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудаанд. Ба гуфтаи хонум Шарифова, дар ҳамин давраи соли 2012 аз Русия 19 нафар кам шаҳрвандони тоҷик истирдод шудаанд.
XS
SM
MD
LG