Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавсияҳои СММ барои маҳви аслиҳаи кимиёии Сурия


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, тавсия додааст, кори маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурия байни Созмони Милал ва Созмони Манъи Истифода аз Аслиҳаи Кимиёӣ тақсим шавад. Бан Ки Мун дар номае ба Шӯрои Амният навиштааст, ки масъалаи ҳамоҳангсозӣ, иртибот бо ҳукумати Сурия ва шӯришиёнро Созмони Милал анҷом хоҳад дод ва кори ташхису назорат ва машваратҳои фаннӣ бар ӯҳдаи созмони дуввум хоҳад буд. Дар маҷмӯъ барои ин корҳо 100 мутахассис сафарбар мешаванд. Номаи 11 саҳифаии Бан Ки Мун ба Шӯрои Амният, ҷавоб ба қатъномаи Шӯрои Амният аст, ки амр дод, анборҳои аслиҳаи кимиёии Сурияро таҳти назари ҷомеаи байналмилал маҳв кунанд ва аз дабири кулл хост, тавсияҳо дар бораи нақши Созмони Милал дар ин корро ба шӯро пешниҳод намояд. Рӯзи якшанбе гурӯҳи мутахассисони Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёӣ, ба маҳви мушакҳо ва кулоҳакҳои дорои заҳрҳои кушанда дар Сурия шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG